Эмомалӣ Раҳмон аз яке аз идораҳои КДАМ дидан кард

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ҶТТаҷлили Рӯзи Ғалаба бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон
Таҷлили Рӯзи Ғалаба бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурро раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Имрӯз, 28 май раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ  таъмин гардидааст.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Эмомалӣ Раҳмон барои санҷиши масъулини зиндонҳо ва барканориҳо

Маркази идоракунии Сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.

Мутахассисони соҳа Роҳбари давлатро бо фаъолияти маркази мазкур аз наздик шинос намуданд.

Дар ҳамин ҷо раисҷумҳур  бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии марказ  шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро  аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш кардааст.

Аснои шиносоӣ  Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз кормандони ин ниҳод даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои масъулияти бардӯшдоштаашон ҳушёру далер ва чусту чолок бошанд.

Лентаи хабарҳо
0