ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вакили мардумӣ, раиси Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Нурулло Оқилзода ба шаҳри Минск сафар кард.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, сафари мазкур бо даъвати Шӯрои Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки дар доираи он баргузории якчанд мулоқоти дуҷониба дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз Академии давлатии алоқаи Беларус, инчунин аз як зумра муассисаҳои илмии ин мамлакат дидан намуда, бо профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаҳо таҳсил мекунанд, мулоқот мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон то 30 май идома ёфта, дар назар аст, ки вакилони тоҷик бо фаъолияти кишоварзон ва саноатчиёни Беларус ҳам ошно шаванд.
Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 31 майи соли равон дар Ишқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Туркманистон баргузор мегардад.
Дар ҷаласа масъалаҳои таҳияи лоиҳаи байниҳукуматии барномаи ҳамкории инноватсионии кишварҳои ИДМ дар давраи то соли 2030, Созишнома дар бораи ҳамкории мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ, ки қабули он дурнамои таҳким ва густариши ҳамкории гумрукӣ дар фазои ИДМ-ро таъмин менамояд баррасӣ мегардад.
Инчунин он заминаи ҳуқуқиро барои табодули иттилооти муҳим миёни мақомоти гумрук, ки истифодааш дар низоми идоракунии хавфҳо барои таъмини сатҳи муносиби ҳимоя аз ҷониби мақомотҳои гумрук ҳуқуқ ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ дар савдои мутақобилаи ИДМ фароҳам меорад.