ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии CGTN, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ бо Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон дар Токио, дар посух ба хабарнигорон дар иртибот бо эҳтимоли миёнравии Ҷопон байни Эрон ва Амрико барои оғози музокироти ду кишвар гуфт, Ҷопон робитаи хубе бо Эрон дорад ва метавонад дар ин замина нақшофаринӣ кунад.
Трамп таъкид намудааст, ки вай дар ин замина мушкиле надорад ва бар ин бовар аст, ки Эрон тамоюл дорад бо Амрико музокира кунад.
“Агар мақомоти Эрон бихоҳанд, ки гуфтугӯ кунанд, амрикоиҳо низ тамоюл ба гуфтугӯ доранд”, - қайд намуд Трамп.
Trump says he will talk if Iran wants to talk, adding he believes Tehran "would like to talk"
— CGTN (@CGTNOfficial) May 27, 2019
"Nobody wants to see terrible things happen, especially me," said Trump, following a joint meeting with Shinzo Abe in Japan pic.twitter.com/iKYfqYcB9W
Ин иддаои Амрико дар бораи оғози музокирот бо Эрон дар ҳолест, ки ин кишвар бо хуруҷ аз БарҶом, таҳримҳо зидди Эронро сахттар карда ва бо ҳузур дар минтақаи халиҷи Форс омили буҳрон ва ноамнӣ дар минтақа шудааст.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам ахиран гуфта, бо таваҷҷуҳ ба бадаҳдӣ, бадқавлӣ ва қулдурмаобии Амрико, роҳи ҳар гуна музокира бо ин кишвар бастааст.