ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ахиран зимни мулоқоти муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ва И Сяожун намояндаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дурнамои ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо созмони мазкур баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот Завқизода дар бораи савдои байналмилалӣ ва соддашавии қоидаҳои савдо, аз ҷумла омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СТҶ, ки моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки, баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СТҶ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани ин чорабинӣ нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, И. Сяожун ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Тоҷикистон дар шаш соли узвият дар СТҶ баҳои баланд дода, иброз намуд, ки бо мақсади дар сатҳи назаррас гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар омода аст ба Тоҷикистон мусоидат намояд.
Бахусус, ҷониби СТҶ ифтитоҳ гардидани Портали савдои Тоҷикистонро дар моҳи апрели соли равон ҳамчун қадами навбатии назаррас дар роҳи соддагардонии расмиёти савдо хуш истиқбол намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба ва омода намудани лоиҳаи ҳисоботи тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон то сафари ҳайати котиботи СТҶ ба кишвар то моҳи октябри соли 2019 корҳои заруриро анҷом медиҳанд.