Роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ ба Ишқобод мераванд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкСаммит ОДКБ в Минске
Саммит ОДКБ в Минске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Cарони давлатҳои ИДМ дар бораи таъйин намудани муовини аввали роҳбари Маркази зидди террористии кишварҳои аъзои ИДМ қарор қабул хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Рӯзи 31 майи соли равон дар Ишқобод ҷаласаи навбатии  Шӯрои сарони ҳукуматҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Туркманистон баргузор мегардад.

Дар ин бора сомонаи расмии  Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар назар аст, роҳбарони ҳайатҳои  ҳукуматҳои ИДМ  доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкории  иқтисодии Иттиҳоди мазкур мубодилаи афкор намуда, инчунин  замон ва макони баргузории вохӯрии ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро муайян намоянд.

Рабочая встреча высших должностных лиц ШОС, СНГ, ЕЭС и ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ давлатҳои ИДМ баргузор гардид

Дар ҷаласа масъалаҳои таҳияи лоиҳаи байниҳукуматии барномаи ҳамкории инноватсионии кишварҳои ИДМ дар давраи то соли 2030, Созишнома дар бораи ҳамкории мақомоти гумруки  давлатҳои ИДМ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ,  ки қабули он  дурнамои  таҳким ва густариши ҳамкории гумрукӣ дар фазои ИДМ-ро  таъмин менамояд баррасӣ мегардад.

Инчунин он  заминаи ҳуқуқиро барои табодули иттилооти муҳим миёни мақомоти гумрук,  ки истифодааш дар низоми идоракунии хавфҳо барои таъмини сатҳи муносиби ҳимоя аз ҷониби мақомотҳои гумрук ҳуқуқ  ба иншоотҳои моликияти зеҳнӣ дар савдои мутақобилаи ИДМ фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласа имзои ҳуҷҷатҳои қаблан ба  мувофиқа расонидашудаи байнидавлатӣ, ки ба густариши ҳамкории байни давлатҳои ИДМ дар соҳаи савдо, гумрук ва назорати мол, транзити онҳо тавассути қаламрави кишварҳои ИДМ, инчунин дар соҳаи корҳои илмию тадқиқотӣ асос ёфтаанд, ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки сарони давлатҳои ИДМ  дар бораи таъйин намудани муовини аввали роҳбари Маркази зидди террористии кишварҳои аъзои ИДМ қарор қабул хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0