Маошро бардоред: пешниҳоди вакили парлумон алайҳи порагирии масъулини давлатӣ

© Предоставлено С. ИсмоновымСайджафар Исмонов. Архивное фото
Сайджафар Исмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҷаласа пешниҳод кард, ки маоши масъулини давлатӣ дар кишвар боло бурда шавад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ба гуфтаи Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бидуни боло бурдани маош мубориза бо фасодкорӣ камсамар хоҳад буд, чун бо 1000 сомонӣ зиндагӣ пеш намеравад.

Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат нархро бозбинӣ кунад: ҳушдори вакил аз “зуқ-зуқ”-и мардум дар арафаи 2 интихобот

Ӯ зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милитсия”, ки кормандони ин ниҳодро ба пешниҳоди эъломия дар бораи дороияшон муваззаф мекунад, ба Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон болобарии маошро пешниҳод кард. Усмонзода таъкид намуд, ки бояд маоши на танҳо кормандони умури дохилӣ, балки соҳаҳои дигар боло бурда шавад, то фасодкорӣ каму пешравӣ зиёд шавад.

“Бо фасод дар вазъи феълие, ки кормандону хизматчиёни на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ, балки соҳаҳои дигар низ доранд, мубориза бурда намешавад, он ғайриимкон аст”, - навиштааст “Садои мардум” аз қавли Усмонзода.

Ӯ ба ноиби вазир пешниҳод кард, ки хароҷоти аслии  як нафар хизматчии мақомоти корҳои дохилиро аниқ намуда, ба Вазорати молия пешниҳод намояд.

“Корманди милитсия набояд муҳтоҷ бошад. Бо 1000 сомонӣ зиндагии ӯ пеш намеравад. Бо қабули даҳҳо қонуни мукаммал, агар шароити зисти мансубин хуб набошад, ба пешравӣ дар кор умедвор шудан мумкин нест”, - муътақид аст раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0