Зубайдзода ба Димишқ рафт, то масъалаи баргардонидани тоҷиконро аз Ироқ гӯяд

Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Қувайт ба Ироқ сафар карда ва бо ҳамтоёнаш мулоқот анҷом дод

ДУШАНБЕ, 25— Sputnik. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ба шаҳри Димишқ сафари корӣ анҷом дода, бо ҳамтоёни арабаш мулоқот кард ва аз ҷумла масоили баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, сафари серӯзаи Зубайдзода се рӯз - 21, 22, ва 23 майро дар бар гирифтааст.

"Дар доираи сафар  22 майи соли 2019 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии он кишвар мулоқоти Сафир бо муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод баргузор гардид", - менависад манбаъ.

Сафир номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба унвони Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллим ҷиҳати тақвият ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба супорид.

Дар мулоқот густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим, махсусан дар арсаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин масъалаи муайян намудани шахсияту шумораи  шаҳрвандони Тоҷикистон ва баргардонидани онҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни вазъияти ҷаҳону Ховари Миёна табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо  зарурати табодули сафарҳои расмӣ дар сатҳҳои мухталиф ва баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро  давоми соли 2019 таъкид карданд.

Лентаи хабарҳо
0