Қадами Қурбон дар бораи дуздидани ҳамсар, 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ва истифодаи таппонча

© саҳифаи расмии овозхон Ҷонибек МуродовОвозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав
Овозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қадами Қурбон, ҳунарманди тоҷик, ки бештар бо ҳазлу шӯхиҳояш дар байни мардум шинохта шуд, дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон "иқрор" шуд, ки ҳамсарашро дуздидасту дар тӯйи арӯсиаш 3 фарзандаш иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 25— Sputnik. Овозхон Қадами Қурбон, ки бештар бо ҳазлу шӯхиҳояш шинохта шуд, дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон аз зиндагӣ ва ҳаёти хонаводагиаш нақл кардааст.

Ҳунарманд дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи "Оила" иқрор шудааст, ки ҳамсарашро дӯст дошта, дуздида буду дар тӯйи арӯсиаш се фарзандаш иштирок доштанд.

Юлдуз Усмонова ва Шабнам Сурайё дар Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
"Дугонагӣ": Шабнам Сурайё ва Юлдуз Усмонова якҷо суруди нав эҷод карданд-видео

Ӯ ҳамчунин овозаҳои 300 ҳазор сомонӣ ҷарима шудан ва истифодаи таппончаро дар ҳунарнамоиҳояш шарҳ додааст.

Қадам дар посух ба суоли овоза дар бораи ҷарима гуфтааст, ки дар ин мавзӯъ гап задан намехоҳад, аммо ӯ низ "ғуломи қонун" аст.

Овозхон тавзеҳ надодааст, ки таппончаҳои дар тӯй истифодабарандааш ҳақиқианд ё бозича. Вай танҳо гуфтааст, ки аз хурдӣ таппончабозиро дӯст медошту ҳамакнун барои шӯхӣ дар тӯйҳо вақти ҳунарнамоиаш корбаст мекунад.

"Нархи хизматрасонии ман аз истифодаи таппонча вобаста нест" - афзудааст ҳунарманд.

Овозхон дар ин мусоҳиба каме сирри хонаводагиашро ҳам кушодааст. Аз ҷумла вай иқрор шудааст, ки ҳамсарашро дуздида буд. Ҳоло онҳо соҳиби 6 фарзанаданд.

"Шароити зиндагӣ бисёр бад буд, камбағалӣ имкон надод, ки тӯю тамошо кунем. Янгатона дуздидам, баъди соҳиби се фарзанд шуданамон тӯй карда, ба халқ ошу нон додем", - гуфтааст вай.

Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Афзалшоҳ Шодиев: хурӯҷи бемориам ногаҳонӣ буд, тамоми нақшаҳоямро барбод дод

Ба қавли Қадами Қурбон се фарзандаш дар тӯйи арӯсиашон иштирок доштаанд.

Аз овозхон барои истифодаи вожаи "Сари паварот" эрод ҳам мегиранд. Аммо хӯди ӯ истифодаи ин вожаро чунин тавзеҳ медиҳад:

- Мо ба маъракаҳои ҳамватанон зиёд меравем ва баъзан ронандаамонро хоб мебарад. Бо як овоз дод мегӯем, ки эй мардак, бедор шав, охир ин ҷо "паварот" аст, боз хобат набарад, ки ҳамаамон рост он тараф равем. Ин суруд як навъ огоҳӣ барои тамоми ронандаҳо аст.

Овозхон нақша дорад баъди анҷоми моҳи шарифи Рамазон аввалин консерташро баргузор кунад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Қадами Қурбон дар барномаи интернетии "Қадам шоу" ровӣ интихоб гардид. Дар аввалин барномааш ҳунарманд Фирӯза Ҳафизова иштирок дошт.

Лентаи хабарҳо
0