Кормандони милитсияи вилояти Суғд аз боздошти як сокини 39- солаи шаҳри Хуҷанд хабар дода буданд, ки мошинҳои намозгузоронро ғорат мекард.
Телевизиони СМ-1 навори гузориши раёсати ВУД дар вилояти Суғдро дар ин бора мунташир кардааст.
“Аз муроҷиатҳо бармеояд, ки М. А. чандин ҳолати пулдуздӣ дар вақти намоз аз дохили худрави шаҳрвандонро содир кардааст. Ӯ бо роҳи мутобиқсозии калид дари якчанд худравҳро ҳангоми намозхонии соҳибонашон кушода, аз дохили онҳо 2200 сомонӣ, 3000 сомонӣ то 21 000 сомониро дуздидааст”, - тавзеҳ додааст манбаъ.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд қайд намуданд, ки шаҳрванд М. А. рӯзи 5-уми май аз сӯи кормандони милиса дастгир шуда ва маълум шудааст, ки ӯ давоми моҳи апрели соли равон ҳангоми намозгузорӣ ба хусус намози рӯзҳои ҷумъа дари чандин худравҳои саҳни масҷиди “Нури Ислом”-ро кушода, пулдуздӣ кардааст.
Худи гумонбар дар навор мегӯяд, ки кораш дар рӯзҳои ҷумъа "барор" мекард, зеро назди масҷид мошини зиёде ҷамъ мешуд.
Масҷиди ҷомеъи “Нури Ислом” ҳоло аз калонтарин масҷидҳои шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ҳисоб меравад ва бисёриҳо барои иҷрои панҷ вақт намоз, намози рӯзҳои ҷумъа ва таробеҳ дар моҳи шарифи Рамазон ба он ҷо меравад. Саҳну атрофи “Нури Ислом” васеъ буда ва барои нигоҳ доштани худравҳо мутобиқ ба назар мерасад. Аммо рухдоди пулдуздӣ аз дохили худрав ва он ҳам дар вақти намоз бисёре аз сокинонро нигарон кардааст.
Ҳоло нисбати муттаҳам, ки ба дуздии пули дохили худравҳо ҳангоми намозгузорӣ гумонбар дониста мешавад, аз ҷониби кормандони мақомоти милисаи Хуҷанд тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои дуздӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.