Тарси муҳоҷири тоҷик аз воқеъ шудани талоқ : "нияти ман тарсонидани ҳамсарам буд"

© Sputnik / Амир Исаев, STRПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш дар бораи воқеъ шудани талоқ посух додааст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбари сомонааш дар бораи талоқ додан, ҷавоби кӯтоҳе додааст.

"Ман дар ғарибӣ ҳастам, дар ҳолати ғазаб бо телефон ба ҳамсарам гуфтам, ки “сарамро вайрон накун, ки сарат медиҳам”. Номи талоқ ва адади онро ба забон нагирифтаам. Нияти ман тарсонидани ҳамсарам буд. Оё талоқ воқеъ шудааст?",-суол гузоштааст корбари сомона, Насимҷон.

"Бародари азиз, ҳамсари шумо талоқ нашудааст, зеро сухани шумо ба замони оянда нисбат дорад",-посух додааст Шӯрои уламо.

Ёдовар мешавем, ки давоми 5 моҳи соли равон теъдоди издивоҷ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, аммо теъдоди талоқҳо ру ба афзоиш ниҳодааст.

Тибқи иттилои Ожонси омори Тоҷикистон дар моҳи январ-майи соли 2019 беш аз 3 ҳазору 100 маврид талоқи ҳамсарон ба сабт расидааст, ки рушди 3,8 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро нишон медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0