Шикояти мард аз ҳамсараш ба пулис: бароям дар ифтор ғизо намепазад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбед в столовой
Обед в столовой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард ба пулис шикоят бурдааст, ки ҳамсараш ҳуқуқҳояшро ҳамчун инсон поймол намуда дар ифтор барояш ғизо намепазад

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Марде аз Қувайт аз ҳамсари худаш ба пулис шикоят бурдааст, иттилоъ додааст Khaleej Times.

Встреча президента РФ Владимира Путина и президента США Дональда Трампа в Хельсинки - Sputnik Тоҷикистон
Трамп дар Касри сафед ифтор дод

Марде зани худро дар нақзи ҳукуқаш ҳамчун инсон айбдор намуда, гуфтааст бароя дар ифтор ғизо омода намекунад.

Мард гуфтааст, ки кӯшиш намудааст ҳамсарашро розӣ намояд, ки баъд аз соатҳои тӯлонӣ рӯзадорӣ ӯ лоиқи ғизои хонагӣ аст. Аммо ҳамсараш қатъиян аз пухтани ғизо даст кашида, ӯро маҷбур сохтааст ба пулис шикоят барад.

Кормандони пулис ҳодисаи мазкур тааҷуб карда, аз қабули аризаи шаҳрванд ба хотири набудани таркиби ҷиноӣ худдорӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ифтор – ин таомест, ки дар ҳангоми кушодани рӯза мехӯранд. Вақти рӯзакушоӣ баъд аз намози шом сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0