Аз Душанбе ба Ишқобод: дастури Бердимуҳаммадов барои мубориза бо шоҳпаракҳо

© AP / GREGORIO BORGIAПрезидент Туркмении Гурбангулы Бердымухаммедов
Президент Туркмении Гурбангулы Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, ба далели боришоти зиёд дар пойтахт шоҳпаракҳо ва дигар намуди ҳашаротҳо пайдо шудаанд, ки экологияро вайрон мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон дастур дод, ки барои тоза кардани экологияи Ишқобод аз ҳаргуна шоҳпаракҳо ва ҳашаротҳо, чораҳои зарурӣ андешида шавад, хабар медиҳад нашриёти "Нейтральный Туркменистан".

Дар маҷлси шаҳрӣ, президенти ин кишвар гуфтааст, ки ба далели боришоти зиёд дар пойтахт шоҳпаракҳо ва дигар намуди ҳашаротҳо пайдо шудаанд, ки экологияро ғашд мекунанд.

"Вале, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, Вазорати кишоварзӣ ва ҳафзи муҳити зист барои пешгирии ин ҳодиса кореро анҷом надоданд",-гуфт раисиҷумҳури Туркманистон.

На юге Таджикистана в Фархонском районе завелась саранча - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷуми малах ба заминҳои вилояти Хатлон

Ба гуфти ӯ барои ба таодул овардани экологияи пойтахт, бояд чорабҳои зарурӣ андешида шаванд.

"Ин эрод ба созмонҳое, ки дар паҳншавии ҳашарот ва пешгирии он кор мебаранд, дахл дорад. Таъмини экологияи тозаи шаҳру деҳотамон сиёсати афзалиятноки давлатом аст",-гуфт президент.

Пайдошавии селаи шоҳпаракҳо на танҳо дар Туркманистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ба қайд гирифта шуд.

Чанде пеш корбарони Facebook аз пайдошавии селаи шоҳпаракҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он хабар дода буданд. Вале пас аз чанде шоҳпаракҳо Душанберо тарк карданд.

Коршиносон пайдошавии селаи шоҳпаракҳоро ба намии ҳаво ва боришоти аз ҳад зиёд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рабт медиҳанд, вале, бархе аз олимон мегӯянд, ки ин танҳо кӯчи баҳории шоҳпаракҳо аст.

Лентаи хабарҳо
0