Аз баррасӣ дар интернет то ҷалби ҳамватанон аз берун: интизории Файзов аз "Помиринвест"

© саҳифаи Мақомоти иҷроияи ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 24 май бо аъзои кумитаи тадорукотии Форуми байналмилалии "Помиринвест - 2019" мулоқот баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Тибқи иттилои Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ, дар мулоқот Ёдгор Файзов зикр кард, ки мақсади баргузории анҷумани "Помиринвест” ҷалби сармоя ба вилоят мебошад.

Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сармоягузорони чинӣ соҳаи сайёҳӣ ва кӯҳкориро дар ВМКБ рушд медиҳанд

“Инчунин тавассути форуми мазкур мо метавонем ҳамватанони бурунмарзиро низ барои ободонии диёр даъват намоем. Мо бояд ҳар чи зудтар лоиҳаҳое, ки дар форуми байналмилалии "Помиринвест - 2019" баррасӣ мешаванд, амалӣ намоем”, - таъкид кардааст Файзов.

Раиси ВМКБ пешниҳод намудааст, ки сомонаи форуми мазкур бояд фаъол бошад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ баррасӣ гардад, то ҳамаи соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар мавриди форум маълумот пайдо намоянд.

Файзов ба масъулин супориш додаст, ки макони баргузории форум низ ҳаматарафа санҷида шавад то ки ба талабот ҷавобгӯ бошад.

Ҷумъа Ҷумаъев, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ ҳисобот додааст, ки  форуми "Помиринвест - 2019" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор карда мешавад.

“Ба қайдгирии иштирокунандагон тариқи cомонаи pamirinvest.org ба роҳ монда мешавад”, - изҳор доштааст Ҷумъаев.

Лентаи хабарҳо
0