Убайдуллоев бо сафири Арабистон мулоқот кард

© Вебгоҳи Маҷлими миллии Маҷлиси Олии ҶТУбайдуллоев бо сафири Арабистон мулоқот кард
Убайдуллоев бо сафири Арабистон мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Убайдуллоев изҳори умедворӣ кард, ки сафири Арабистони Саудӣ дар баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои ду кишвар фаъолияти густурдае ба амал меорад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқуллода ва мухтори Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти маҷлис.

"Марҳилаи кунунӣ тақозо менамояд, ки беш аз пеш ҷиҳати такмил, тавсеа ва тақвият бахшидани робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию байнипарламентӣ баҳри комилан татбиқи ташаббусҳою ҳадафҳои созандаи Роҳбарони ҳарду давлатҳо чораҳои муассирро роҳандозӣ намоем", - изҳор дошт Убайдуллоев зимни мулоқот.

Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот анҷом дод

Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки тарафҳо тавассути фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ ва таҳкими робитаҳои густардаи байнипарламентӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ заминаи сазовор хоҳанд гузошт.

"Барои рушди пайвастаи ҳамкориҳои байнипараламентӣ, мо омода ҳастем тадбирҳои судовар андешем ва умедворем, ки шумо ҳамчун сафир барои баланд бардоштани  сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти густардаро амалӣ хоҳед намуд", - таъкид дошт раиси Маҷлиси миллӣ.

Ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодӣ аз Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0