Ширкати чинӣ ба 100 донишҷӯи тоҷикистонӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото
Министр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати чинии “Хуаксин Ғаюр Семент” барои 100 тан донишҷӯ аз 31 донишгоҳи Тоҷикистон 1 миллион сомонӣ бурси таҳсилӣ, ё худ стипендия ихтисос дод

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ин маблағ дар муддати 5 сол ба донишҷӯён ироа мешавад, хабар дод ТоҷикТА. Дар назар аст, ки ҳар як донишҷӯ моҳе 2 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард.  Аллакай 100 донишҷӯ дар бинои Донишгоҳи миллӣ 200 ҳазор сомонӣ, 2 ҳазор сомонӣ ҳар нафари онҳо дарёфт карданд.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон ба кормандони ТВЕА нишони Аълочии маориф дод - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони чинӣ “Аълочии маорифи Тоҷикистон” шуданд

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон  ва Ли Есин, раиси ширкати “Хуаксин Семент” дар маросими ироаи бурси таҳсилӣ аз густариши ҳамкориҳо ва таҳкими дӯстии Тоҷикистону Чин тавсиф намудаанд.

Нуриддин Саид гуфт, ки Чин ҳар сол барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои чинӣ бурсияҳо ихтисос медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 3 ҳазору 594 тан донишҷӯи тоҷик дар ин кишвар бар асоси бурсия омӯзиш меёбад.

Ли Есин гуфт, ки ҳоло савумин сол аст, ки “Бурси таҳсилии дӯстӣ”-и Сандуқи “Ман Тоҷикистонро дӯст дорам”-и ширкати “Хуаксин Ғаюр Симон” ба донишҷӯён ироа мешавад.

“Хуаксин Ғаюр Семент” аз ҷумлаи ширкатҳои бузурги тавлиди семент дар Тоҷикистон мебошад, ки кишварро аз воридкунандаи ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ ба содиркунандаи он табдил додаанд.

Лентаи хабарҳо
0