Раҳмон роҳи мошингарди Деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ кард

© Фото : Пресс-служба президента РТОткрытие новой школы в Хатлоской области
Открытие новой школы в Хатлоской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон роҳи мошингарди Деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik.  Субҳи имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар даромадгоҳи деҳоти “Пушинг” бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро ба истифода дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.

Визит Рахмона в Хатлонскую область - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Данғара рафту аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан кард

Манбаъ таъкид доштааст, ки баъд аз ифтитоҳи роҳи мошингард ҳазорҳо нафар сокинони деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак аз ин роҳ истифода хоҳанд кард. Рафтуомади бемамониати одамон ва нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли мусофиру мол осон мегардад.

“Бунёди роҳ дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми ноҳияи Данғара мебошад, зеро роҳи мошингард бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҶДММ “Роҳи тоҷик” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои роҳсозӣ бунёд карда шуд”, -афзуд манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки роҳсозон замони сохтмон ҳамаи талаботи меъёрҳоро ба инобат гирифта, корҳои бунёди роҳи пиёдагард, ҷуйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонкунии қад-қади роҳро анҷом додаанд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки барои бунёди роҳ аз техникаҳои муосири роҳсозӣ истифода гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0