ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дафтари матбуотии шаҳрдории Исфара аз "Иғво паси иғво" дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, субҳи 23 майи соли 2019 сокинони маҳаллаи Кок-Тоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткон девори манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шаҳрванд Анвар Иброҳимовро вайрон карда, афтондаанд.
"Нисфирӯзӣ тақрибан 100 нафар сокинони маҳаллаи Кок-Тош, ки аксарият ҷавонон буданд, дар ҳудуди чорроҳаи Кок – Тош, дар назди бинои қисми маҳаллии милитсия, воқеъ дар маҳаллаи Кок-Тоши деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткон ҷамъ шуда буданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Тибқи ахбороти аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ расида, сокинони маҳаллаи Кок-Тош роҳи гузар аз маҳаллаи Сомониёни боло ба сӯйи маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро аз соати 14-00 то 16-00 баста, ба равуои мардум монеа эҷод кардаанд.
Дар натиҷаи корбарӣ ва тадбирандешии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбута вазъият ба эътидол оварда шуда, роҳ дигарбора боз гардид.
Пештар Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъди як рӯзи баҳс дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қазияро шарҳ додааст. ҚДАМ гуфт, қирғизҳо мехостанд 4 гектар замини Тоҷикистонро аз худ кунанд.
"Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд", - тавзеҳ дод КДАМ.