Беш аз 6 ҳазор пайравони пешвои миллат ба кӯчаҳои Душанбе баромаданд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкМолодежь в Душанбе, архивное фото
Молодежь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон раҳпаймоӣ таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” баргузор шуд ва дар он беш аз 6 ҳазор нафар иштикор намуд

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 6 ҳазор ҷавонон раҳпаймоӣ таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” баргузор шуд.

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи ҷавонон дар пойтахт ба тасвиб расид

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонон дар майдони “800-солагии Маскав”-и шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” раҳпаймоӣ баргузор гардид.

Дар раҳпаймоии мазкур, беш аз 6 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ёдрас мешавем, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 23 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони кишварро фарзандони азиз хитоб карда, онҳро бо Рӯзи ҷавонон шодбош гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони кишвар саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳояшонро таманно кардааст.

Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон “фарзандон”-ро табрик кард: ӯ гуфт, кай шароити зиндагии ҳама шоиста мешавад

Раисиҷумҳур дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.

“Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош ҳастанд, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд”, - изҳори умед кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0