ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба мумфаршкунии роҳҳо дар вилоят оғоз бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, 22 май раиси вилоят ба мумфаршкунии роҳи маҳаллаи 1 – Майи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.
"Бо ин иқдом, яъне мумфарш намудани роҳи яке аз маҳаллаҳои қадимтарини шаҳри бостонии Хуҷанд мо имрӯз ба мавсими мумфаршкунии роҳҳо дар қаламрави вилоят ҳусни оғоз мебахшем", - изҳор дошт Аҳмадзода.
Гуфта мешавад, соли ҷорӣ роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Мастчоҳ, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт мумфарш гардида, ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва ободонии маҳалҳо мусоидат хоҳанд намуд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Озодӣ, маҳаллаҳои Тиллокону Чашма мумфарш гардида, роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев васеъ ва чароғон карда мешавад.
Раиси вилоят зимни мулоқот ҳамчунин изҳор дошт, ки бояд мардум низ дар ободонии маҳал саҳмгузор бошанд ва иқдомҳои некро дастгирӣ намоянд. Бахусус, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мумфарш намудани роҳҳо ва сохтмони пулҳо амали басо хайру савоб аст.
Раҷаббой Аҳмадзода масъулини дахлдор, аз ҷумла раисони маҳаллаҳои шаҳрро муваззаф намуд, ки дар ҳамҷоягӣ бо сокинон баҳри ободу зеботар гаштани шаҳри бостонии Хуҷанд, ки имрӯзҳо маъвои дили сайёҳону меҳмонон гаштааст, корбариро хубтар ба роҳ монанд.