Раҳбари пешини посбонони Ислом Каримов 3,5 сол зиндонӣ шуд

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҳирӣ моҳи декабри соли 2018 боздошт шуда буд

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Додгоҳи вилоятии Тошканд оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, нисбати раҳбари пешини посбонони президенти аввалини Узбакистон, Муидҷон Тоҳирӣ ҳукм содир кард, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манбаъ дар додгоҳ.

"Муидҷон Тоҳирӣ се сол ва шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуда ба қадри10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима шуд",-гуфт мусоҳиб.

Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сабаби кушта шудани зиндониҳоро дар "Кирпичний" гуфт

Ба гуфти манбаъ, Тоҳирӣ барои "аз худ кардани буҷаи давлат" ва "беэътиборӣ нисбати вазифа" маҳкум шудааст.

Барраси додгоҳ дар паси дарҳои пӯшида баргузор шудааст.

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи феврали соли 2018 Муидҷон Тоҳириро аз вазифаи раҳбари Хадамоти гумруки Узбакистон озод карда буд.

Тоҳирӣ дар вазифаи сардори Хадамоти гумрук аз моҳи декабри соли 2016 фаъолият кардаааст. Аз соли 2013 ӯ раҳбари Хадамоти амнияти раисҷумҳури аввалини Узбакистон Ислом Каримов будаасту пештар мушовири раисҷумҳур ва муовини раиси Шӯрои амнияти миллӣ.

Лентаи хабарҳо
0