Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ мавқуф гузошта шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи  нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 30 майи соли равон эълон гардида буд, мавқуф гузошта шудааст

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Замони баргузории иҷлосияи  нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 30 майи соли равон эълон гардида буд, ба 12 июн гузаронида шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони кишвар иттилоъ додааст.

Продажа муки - Sputnik Тоҷикистон
Парлумон сабукиҳо барои арзонии орду рушди футболро тасвиб кард

Манбаъ афзудааст, ки имрӯз 21 май дар ин бора  қарори дахлдор қабул гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи мазкур  аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ”, “Дар бораи ворид намудани   тағйиру иловаҳо  ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  “Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои  ҳатмӣ ба буҷет”, “Оид ба  ворид намудани  тағйироту илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти  субъектҳои  хоҷагидор”-ро баррасӣ  менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0