Мадина Ақназарова ва гурӯҳи "Шамс" дар Хуҷанд консерт баргузор мекунанд

© SputnikКадр из клипа Мадины Акназаровой
Кадр из клипа Мадины Акназаровой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд, консерти ҳунарманди ҷавон Мадина Ақназарова ва гурӯҳи номдори "Шамс" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Овозхони ҷавон Мадина Ақназарова ҳамроҳи гурӯҳи таҷрибадор ва машҳур "Шамс" дар пойтахти шимолии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар ин бора Мадина Ақназарова дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки консерт рӯзи 8 июн дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ соати 17:00 баргузор мешавад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Худжанд, ждём !🔥

Публикация от Madina Aknazarova (@_aknazarova)

Даҳсолаҳост, ки гуӯҳи "Шамс" рӯи саҳна аст. Чанде пеш, 7 апрели соли равон дар шаҳри Маскав консерти навбатии ин гурӯҳ баргузор шуд. 

Нобовар Чаноров, овозхони ин гурӯҳ сирри муваффақияти чандинсолаи гурӯҳро дар сароидани сурудҳои халқӣ медонад.

Гурӯҳи “Шамс”: Аз кӯдакӣ то шӯҳрати ҷаҳонӣ ва нақшаҳои нав

"Мо ҳаводоронамонро бисёр дӯст медорем. Ҳар сурудеро, ки эҷод мекунем аз дили мардум бар хоста аст. Ҳар суруди мо дар заминаи фарҳангу ҳунари тоҷикӣ эҷод мешавад, хоҳ мо рок бисароем ва хоҳ поп. Бо ин роҳ тавонистаем дар дили мардум ҷо шавем. Ба даст овардани дилҳо ҳунар аст", — гуфт Нобовар Чаноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мадина Ақназарова бошад, сарояндаи ҷавон аст, ки дар муддати кӯтоҳ бо овози марғуби худ миёни мардуми тоҷик ҳаводорони зиёде пайдо кард.

Ӯ намоҳанги нахустинашро таҳти унвони "Ай ёр ёр", ду сол пеш пешкаши ҳаводоронаш карда буд.

То ин дам Мадина бештар "хит"-ҳои пешинро ба мисоли "Сабзинаранг", "Бирақсем", "Кабки маст" ва дигарҳо сароида аз нав зинда кард.

Лентаи хабарҳо
0