ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Ба иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд, хабар додааст “Ховар” аз қавли ҳавошиносон. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 25-30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.