ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи “Тоҷик Эйд” семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи “Кор бо қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ, психотравматология ва дигар мушкилоти фишори равонӣ” баргузор гардид.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ, дар кори семинари илмӣ-омӯзишӣ олимони соҳаи психиатрия ва психология аз Олмон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи М.Ғ. Ғуломов” ва “Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ” ширкат кардаанд.
"Аз ҷониби олимон маърӯзаҳо доир ба бемориҳои руҳӣ, зӯроварии хонаводагӣ ва психотравматология пешниҳоди иштирокчиён карда шуд",-омадааст дар хабарнома.
Раиси Кумитаи кор ба занон: "аз баъзе урфу одатҳои куҳнашуда мебояд даст кашид"
Манбаъ афзуда, ки ҷиҳати оғоз бахшидани семинари мазкур сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Нейтхарт Хюфер-Виссинг ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард.