ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Аз миёни зиндониёни кушташуда, 8 нафарашонро худи маҳбусон куштаанд, хабар дод РИА Новости аз қавли Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон. Манбаъ афзудаст, ки инчунин дар пайи ин ошӯб се зиндонбон кушта шуданд.
Эълони номи кушташудаҳою саркардаҳои ошӯб дар "Кирпичний"
Қаблан мақомоти адлияи Тоҷикистон аз ошӯби маҳбусон дар зиндони рақами 3/2, маъруф ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи якшанбеи 19 май дар зиндони “Кирпичний” маҳкумшудаҳо барои терроризм, аъзои гуруҳи “ДОИШ” зиндонбонҳоро гаравгон гирифта, қасди фирор кардаанд. Манбаъ афзуд, ошӯбгарон, ки бо ашёҳои халандаю буранда, аз ҷумла корд мусаллаҳ буданд, се зиндонбонро қатл карда, ба талаби мақомот барои қатъи бетартибӣ посухи қатъии рад додаанд.
Мақомот мегӯянд, зимни гуфтушунид миёни худи маҳбусон муноқиша сар зад ва дар пайи чораҳои қатъие, ки алайҳи ошӯбгарон андешида шуд, миёни маҳбусон талафоти ҷонӣ рух дод, аммо теъдоди дақиқи куштаю маҷруҳон гуфта нашуд.
Сипас Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо нашри иттилоияи ҷадид, ҷузъиёти ошӯб, номи саркардаҳои ошӯб, зиндонбонҳои кушташуда ва бархе аз маҳбусони қурбониро эълон кард.
Ин дуюмин ошӯб тайи ним сол ва нахустин ошӯби хунин дар аҳди роҳбари нави зиндонҳо, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Умаров Мансурҷон Ғаффорович мебошад.
Ошӯби қаблӣ дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд 8 ноябри соли 2018 рух дод. Ду ҳафта баъд аз ин ошӯб Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба нафақа фиристода, ба ҷои ӯ генерал Мансурҷон Умаров, собиқ ноиби раиси КДАМ Тоҷикистонро таъин кард.
Дар пайи ошӯби қаблӣ нақзи қонунгузорӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ошкор карда шуда, роҳбарияти кишвар барои таъмини тартиботу қонуният дар ин бахш дастур дода буд.