ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Назаров, ки ба ҳайси фармондеҳи ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллӣ фаъолият мекардааст, ҷароҳати сарбоз Самандар Қувватовро аз роҳбарият пинҳон кардааст.
Манбаъ мегӯяд, соати 11-и 23-юми марти соли равон сарбоз Наҷмиддинов Нуралишо дар назди хобгоҳи сарбозони ротаи ҳифз ва таъминот бартарии худро намоиш дода, беасос ба ҷоғи чаппи ҳамхизматаш Қувватов Самандар як шаппотӣ задааст.
“Назаров ҳамчун шахси мансабдор дидаю дониста ин ҳолатро пинҳон намуда, ба роҳбарияти қисми ҳарбӣ хабар надодааст ва бо роҳи фиреб тавассути роҳбарияти қисми ҳарбӣ ба Қувватов Самандар аз 23-юми марти соли 2019 то 2-юми апрели соли 2019 ба муддати 10 шабонарӯз рухсатӣ додааст”, - иттилоъ дод додгоҳи низомӣ.
Ташхиси судӣ-тиббӣ 11-уми апрели соли 2019 дар бадани Қувватов ҷароҳати ҷисмонӣ ба монанди шикасти кушодаи кунҷи ҷоғи поён аз тарафи чап, бо беҷошавии устухонпораҳо муайян намудааст, ки мансуб ба зарари вазнини миёна мебошад.
Додгоҳи низомии Душанбе моҳи равон қазияи мазкурро баррасӣ карда, барои Назаров Алиакбар ҷарима ба андозаи 13 ҳазору 750 сомонӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин кардааст.