Баргузории консерти бошукуҳи ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Сиани Чин

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ифтитоҳи ботантанаи ин барнома дар Маҷмаии консертии “Ҳафтуми феврал” бо сухани шодбошӣ ва ифтитоҳии муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён ва муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Хитой Чанг Су шурӯъ гардидааст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шоми имрӯз, 20 май дар шаҳри Сиани Чин барномаи бошукӯҳи консертӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар.

Посольство Таджикистана в Москве дало прием в честь Дня независимости - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳангӣ: мардуми Хатлонро бо фарҳанги Бадахшон ошно мекунанд

Манбаъ афзудааст, ки барномаи бошукӯҳи консертӣ дар шаҳри Сиан дар Кохи консертии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои музофоти Шэнсӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин 15  май оғоз гардида, он то 22 майи соли равон  идома меёбад. Дар доираи  баргузории ин рӯзҳо  дар толори расмии Маҷмаии консертии “Ҳафтуми феврал”-и   Ҷумҳурии Мардумии Чин муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён, ки роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин аст,  бо муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Хитой Чанг Су вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо густариши муносибатҳои фарҳангиро байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба роҳҳои таҳкимбахшии робитаҳо изҳори назар карданд.  Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Хитой Чанг Су изҳор дошт, ки муносибатҳои фарҳангӣ дар ҳамкории байни ду давлат ҷойгоҳи махсусро доро мебошанд.

Вохӯрӣ бо Мушовири Амири Қатар - Sputnik Тоҷикистон
Қатар дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мекунад

Ҷониби Тоҷикистон инчунин лоиҳаи нави Барномаи табодули фарҳангиро пешниҳод намуд, ки он дар муддати кӯтоҳтарин ба тасвиб хоҳад расид.

Пас аз вохӯрӣ роҳбарони ҳайати ҳар ду тараф ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Чин аз намоиши рассомӣ ва аккосӣ таҳти унвони “Тоҷикистони муосир” дидан намуданд, ки он таъриху фарҳанг, урфу одат, сохтмонҳои бузург, симои муосири пойтахти  мамлакат – шаҳри Душанбе ва табиати зебои Тоҷикистонро инъикос менамуд.

Сипас барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони соҳибистеъдод манзури тамошобинон гардид, ки бо кафкӯбиҳои зиёд пазироӣ  гардид. Санъати рақс ва мусиқии тоҷикро дар Чин ансамблҳои рақсии “Гулрез” ва “Парасту”, ансамбли созҳои миллии “Дарё”, ҳунарпешагон Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимзода,  Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0