ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Кремл ҳунарнамоии Сергей Лазеревро дар озмуни байналмилалии "Евровидение-2019" шарҳ доданд.
Ба гуфти сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, ҷойи сеюм-мақоми баланд аст.
"Мо коршисони ин соҳа нестем, наметавонем арзёбӣ кунем. Танҳо Вазорати фарҳанг метавонад бо касбият арзёбӣ кунад. Вале ҷойи сеюм-мақоми баланд аст,-гуфт Песков дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 18 май дар шаҳри Тел-Авиви Исроил озмуни бонуфузи байналмлалии "Евровидение-2019" ҷамъбаст шуд. Дар ин озмун 26 сароянда рақобат карданд.
Сарояндаи рус Сергей Лазарев бо иҷрои суруди “Scream” (фарёд) дар даври ниҳоии "Евровидение-2019" мақоми сеюмро соҳиб гашт.
Дар пайи овоздиҳӣ Лазарев бо 369 хол, ки 125 холашро тамошобинон ва 244 холро доварони касбӣ доданд, дар мақоми сеюм қарор гирифт.
Суруди “Scream”-ро овозхон ва оҳангсози Русия, Филипп Киркоров, оҳангсоз аз Юнон Димитрис Контопулос ва мусиқачӣ аз ИМА Шарон Вон эҷод кардаанд.
Баҳои ҳадди аксар – 12 холро ба Русия танҳо як кишвар – Озарбойҷон сазовор донистааст.
Алоев, ҳунарманди 83-солаи Тоҷикистон дар саҳнаи “Евровидение-2019”- видео
Мақоми аввалро дар “Евровидение-2019” овозхон аз Нидерланд, Дункан Лоуренс соҳиб гашт.