Рустам Эмомалӣ барои иҷрои амри Раҳмон қарори нав тасвиб кард

© ФФТМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ як қарори нав имзо кард

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Рустам Эмоалӣ барои тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 - 2021, қарор имзо кард.

Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди шаҳраку маҳаллаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” имзо шудааст.

"Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 тасдиқ карда шавад",-қарор кардааст шаҳрдор.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили бо шукуҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон: қарори Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид

Дар ин росто, муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои иҷрои босифат ва самараноку саривақтии нақшаи чорабиниҳо тибқи тартиби муқарраргардида, вазифадор шудаанд.

Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. вогузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0