Раҳимзода ба рушди ҳамкориҳо бо Ироқ умед дорад

© Дафтари матбуотии ВУД ҶТВазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода
Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳимзода Рамазон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳозим Ал-Юсуфӣ густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳозим Ал-Юсуфӣ вохӯрӣ кард.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода бо намояндаи воломақоми Урупо амниятро баррасӣ кард

Гуфта мешавад, ки Раҳимзода Рамазон намояндаи давлати Ироқро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳои байни ду кишвар бо саъю кӯшишҳои дуҷониба дар арсаи ҳамкориҳо мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба густариш ниҳодааст.

Миннатдории ҳукумати Тоҷикистон аз Қувайт ва даъват ба Душанбе

"Умедворем, ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ироқ дар оянда боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт",-гуфтааст Раҳимзода.

Намояндаи ВУХ Ироқ: "барои баргардонидани занони тоҷик аз зиндонҳои Ироқ талош менамоем"

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои характери трансмиллидошта табодули назар карданд.

Лентаи хабарҳо
0