Намояндагони сафорати Бритониё ба ВМКБ сафар карданд

Обуна шудан
Муовини сафири Бритониёи Кабир, Ҷонатан Лейфилд ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар ҳафтаи ҷорӣ муовини сафири Бритониёи Кабир, Ҷонатан Лейфилд, ба Мурғоб сафар кард.

Ба гузориши хадамоти матбуотии сафорати Бритониё дар Душанбе, Лейфилд бо мақсади ошноӣ бо лоиҳаи "Омӯхтани забони англиси ба хотири рушди иқтисодӣ" ба ноҳияи Мурғоб сафар кардааст.

 

"Пас аз 10 моҳи зина ба зина амалигардонии лоиҳа имконият дод, ки 48 сокини Мурғоб асосҳои забони англисиро ба таври ройгон омӯзанд",-омадааст дар хабарнома. 

Дар ин лоиҳа намояндагони макомотҳои давлатии маҳаллӣ ва агентиҳои сайёҳӣ, ҳамчунин хонандагон иштирок намуданд. 

Бо гуфтаи яке аз иштирокчиёни лоиҳа, ки дар филиали Кумитаи Сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, курсҳои ройгони забони англисӣ ба ӯ барои ҳамсӯҳбат шудан бо сайёҳон кӯмак намуд. 

Лоиҳа аз ҷониби Маркази фарҳангии «Бактрия» бо маблағгузории сафорати Бритониёи Кабир амалӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0