ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар пайи овоздиҳӣ Лазарев бо 369 хол, ки 125 холашро тамошобинон ва 244 холро доварони касбӣ доданд, дар мақоми сеюм қарор гирифт.
Суруди “Scream”-ро овозхон ва оҳангсози Русия, Филипп Киркоров, оҳангсоз аз Юнон Димитрис Контопулос ва мусиқачӣ аз ИМА Шарон Вон эҷод кардаанд.
Баҳои ҳадди аксар – 12 холро ба Русия танҳо як кишвар – Озарбойҷон сазовор донистааст.
Мақоми аввалро дар “Евровидение-2019” овозхон аз Нидерланд, Дункан Лоуренс соҳиб гашт.
Тамошобинон барои суруди “Arcade” ба Лоуренс 261 хол ва доварони касбӣ 231 хол сазовор донистанд ва ӯ бо 492 хол дар ҷои якум қарор гирифт.
Озмуни "Евровидение-2019" имсол дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд ва феълан маълум нест, ки соли оянда кадом шаҳри Нидерланд мизбони ин озмуни байналмилалӣ хоҳад шуд.