ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Алоеви 83-сола, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз Тоҷикистон ба Исроил кӯчид, дар “Евровидение-2019” дар ҳайати гуруҳи Идан Райхел ҳунарнамоӣ кард. Гуруҳи Идан Райхел, овозхони шинохтаи исроилӣ дар даври ниҳоии “Евровидение – 2019” берун аз озмун ба ҳайси меҳмон барномае пешниҳод намуд.
Олег Фейзов, овозхони шинохтаи тоҷикистонии муқими Олмон, бо изҳори хушнудӣ навори ҳунарнамоии Алоевро дар саҳифааш бознашр карда, барои ӯ умри дароз таманно намудааст.
Ало Алоев соли 1936 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда, дар ҷавонӣ ба Душанбе омадааст. Ӯ соли 1991 бо хонаводааш ба Исроил кӯчида, ансамбли хонаводагӣ ташкил намуд.
Алоев баъди даҳсолаҳои ҳиҷрат соли 2013 аз Тоҷикистон дидан кард ва тариқи телевизионҳо суҳбат намуд. Ӯ гуфт, гарчанде худаш дар берун иқомат мекунад, қалбаш бо Тоҷикистон аст.