ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Сергей Лазарев штироккунандаи озмуни "Евровидения-2019” бо суруди Scream ба мусиқиҳои интихобии Itunes-и 11 кишвари Аврупо шомил шуд, ин маълумот дар сомонаи Eurovision Tracker нашр шудааст.
Суруди иҷро намудаи Лазарев дар "Евровидения-2019” дар русия, Австрия, Белгия, Дания, Литва, Нидерландия, Норвегия, Полша, Швейтсария ва Шветсия миёни мардум шуҳрати хоса дорад.
Инчунин дар Панама суруди Scream дар феҳрасти аввал мусиқиҳои машҳур қарор дорад.
Ҳамчунин дар иттилоия омадааст, ки тамошобинони аврупоӣ суруди ҳафизи Швейтсари Луки Хэннӣ, сурудхони нидерландӣ Дункана Лоуренса ва гуруҳи норвегии KeiiNO хуб пазируфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни байналмилалии "Евровидения-2019” дар шаҳри Тел-Авиве баргузор гаштаистодааст. Даври ниҳоии он шоми имрӯз, яъне 18 ба 19 май баргузор мегардад. Дар он намояндагон 26 кишвар иштирок доранд.
Сергей Лазарев сарояндаи рус дар даври ниҳои зери рақами 5 баромад хоҳад кард. Ӯ дар назди ҳакамон суруди Scream-ро, ки муаллифаш Филипп Киркоров ва оҳангсозаш Димитрис Контопулос аз Гретсия мебошад, месарояд.