Баррасии 13 масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар мулоқоти Раҳмону Коноро

© Дафтари матбуоти президенти ҶТМулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Ҷопон
Мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Ҷопон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таъсиси маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ зарур шумурда шуд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Имрӯз,18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи "Осиёи марказӣ + Япония" Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино  бар иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

"Мо ба рушду таъмиқи робитаҳо бо Ҷопон таваҷҷуҳи хоса дорем ва барои густариши ҳамкории судманд дар ҳама сатҳу ҳайат талош меварзем", - таъкид дошт дар аввали мулоқот раисҷумҳур.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Афганистана Салохиддин Раббони - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси Раҳмону Раббонӣ аз истирдоди 80 зиндонӣ ба Афғонистон

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Муколамаи "Осиёи марказӣ + Ҷопон", Агентии байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ "Ҷайка" ва дигар барномаҳои ояндадори муносибатҳо баррасӣ шуданд.

Таъсиси маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳои хуштамъи Тоҷикистон ба бозори Япония, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдан, фармасевтика, таъсиси корхонаҳои коркарди пахта, пилла, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз онҳо, самтҳои дигару судманди ҳамкорӣ маънидод гардид.

Масъалаҳои ҳамкории амниятӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Лентаи хабарҳо
0