Расулзода бо фиристодаи махсус аз Қатар мулоқот кард

© Sputnik / Дмитрий АстаховКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷии Қатар Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ таъкид намуд, ки  баргузории чорабиниҳои гуногуни минтақавию байналмиллалӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, хусусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” бори дигар собит  менамояд, ки  Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби аср нақши фаъол дорад.

Дар идома ҷонибҳо дар мулоқот доир ба муҳимияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0