Яке аз осорхонаҳои бузурги Сталин дар зодгоҳаш - шаҳри Гории Гурҷистон аст. Осорхона дар макрази шаҳр ҷойгир шуда, аз се шӯъба иборат аст.
Дар осорхона ашёи зиёде ба намоиш гузошта шудааст, ки ба Сталин тааллуқ доштанд.
Аз ҷумла қисме аз мебели кории вай ва тӯҳфаҳое, ки ба роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар давоми 29 сол (Сталин аз соли 1924 то 1953 роҳбари СССР буд - идора) ҳадяаш кардаанд, нигоҳ дода мешавад. Инчунин акс, ҳуҷҷат, маҷаллаву рӯзномаҳое, ки ба Сталин ё хонаводаи вай тааллуқ доштанд, ҷой дода шудаанд.
Дар даромадгоҳи осорхона хонае аст, ки дар он Сталин таваллуд шуда буду чор сол дар он зиндагӣ кардааст. Ҳамчунин дар осорхона вагони шахсии Иосиф ҷой гирифтааст. Онро рафиқ Сталин аз соли 1941 таҳти истифода қарор дода буд ва аз ҷумла ба Конфронсҳои Теҳрон ва Ялтинск бо вагони мазкур сафар кардааст.
Роҳи оҳани Қафқози Шимолӣ соли 1985 вагонро ба осорхона супорид.
Ҳамасола ҳазорҳо сайёҳон аз Горӣ дидан мекунанд. Дар шаҳр метавон ёдгориҳои зиёдеро бо намоди СССР ва акси Сталин дид.