ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Маросими савгандмёдкунии Владимир Зеленский, президенти тозаинтихоби Украина 20 май баргузор мешавад.
Рӯзи савгандёдкунӣ пас аз севу ним ҳафтаи интихоб шудани Зеленсикйи ба мақоми президентӣ, ба 20 май муайян карда шуд.
Қарори вижа дар Украина, имрӯз 16 май қабул гардид.
Ба баргузоршавии маросим дар рӯзи 20 май бештар аз 315 узви парлумони Украина овоз доданд.
4 май Зеленский аввалин мулоқоташро бо намояндагони Маҷлиси Украина баргузор карда буд.
Худи президент мехост маросими савгандёдкуниаш 19 май баргузор шавад.
Командаи Зеленский эълон кард, ки ин марсоим ғайриоддӣ баргузор хоҳад шуд, ки мисолашро укроинҳо пештар надида буданд. Онҳо гуфтанд, ки шаҳрвандонро "сюрпризҳо" интизоранд.
Ёдрас мешавем, 21 апрел Зеленский дар давраи дувуми интихоботи Украина пирӯз шуд. Ба ӯ 73,22 дар сади интихобкунандагон овоз доданд.