Тоҷикистон 130 тонна равғани пастсифати "палма"-ро аз ҳудудаш ихроҷ кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРастительное масло. Архивное фото
Растительное масло. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян гардид, ки намунаи равғани нахли пешниҳодгардида аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботҳо ҷавобгӯ нест

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон бештар аз 130 тонна равғани пастсифати нахлро ошкор ва аз ҳудуди кишвар ихроҷ карданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Агентии "Тоҷикстандарт" 130,733 тонна равғани мазкурро, ки аз Малайзия ба Тоҷикистон ворид гардида будааст, дар шаҳри Истаравшан ошкор карда, дар озмоишгоҳҳояш ташхис кардааст.

"Зимни ташхиси физикӣ-кимиёвӣ муайян гардид, ки намунаи равғани нахли пешниҳодгардида аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ – ГОСТ 31647-2012 "Масло пальмовое рафинированное дезодорированное для пищевой промышленности" ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 010-2016 "Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ нест", - менависад манбаъ.

Аз Хадамоти гумрук дархост шудааст, ки ин маҳсулот азҳ ҳудуди ҷумҳурӣ ихроҷ карда шавад.

Ёдрас мешавем, ҳанӯз соли 2016 Тоҷикистон воридоти равғани нахл ё хурморо манъ карда буд.

Гуфта мешуд, ки аз сабаби арзон будани равғани нахл савдогарони тоҷик навъи техникии равғани нахлро  аз Малазия, Эрон ва Покистон ворид мекунанд, ки истифодаи он дар хӯрок ба саломатии шаҳрвандони кишвар зарар дорад.

Лентаи хабарҳо
0