ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ба иттилои ҳавошиносони кишвар, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ин рӯзҳо, то 6-8 дараҷа паст хоҳад шуд.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе абрнок шуда, рӯзона борон ва раъду барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.