ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Милисаҳои Душанбе чанд сокини кишварро меҷӯянд, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд.
Сокинони пойтахт бо ариза ба ШВКД муроҷиат кардаанд, ки нафарони қаллоб ба бовариашон даромада, пулҳояшонро гирифта ба ивазаш хона ё мошин ваъда кардаанду то ҳол иҷро намекунанд.
Чунончи, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи майи соли 2017, марди 49-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш автомашинаи тамғаи "Тайота Камри"-ро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2015, марди 54-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи 91-уми ноҳияи Синои ш.Душанбе, аз биноҳои баландошёна хонаи 2 ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода истодааст.
Аризаҳои шаҳрвандони мазкур оид ба ҳодисаҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, тафтишот идома дорад.