“Амонатбонк" саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашударо аз аҳолӣ мехарад

© Sputnik / Амир ИсаевВозле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото
Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Амонатбонк” ба харидани саҳмияҳои ҶСШК “Сангтӯда”-и барҳамдодашуда аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо шурӯъ кард.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik.  Ҷараёни хариди саҳмияҳо 13 май оғоз гардида, то 31 декабри соли 2021 давом хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти БДА “Амонатбонк”.

Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Нерӯгоҳи Сангтуда-1 моликияти худро мефурӯшад

Тибқи иттилои манбаъ, барои ҳар як саҳмияи арзишаш 10 доллар бонк бо пули миллӣ, бо қурби расмӣ дар рӯзи қабул маблағ пардохт мекунад.

“Дар мавриди ин масъала дорандагони саҳмияҳои зикршуда метавонанд ба филиали барояшон наздиктарини “Амонатбонк” муроҷиат намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки ҶСШК “Сангтӯда” соли 1996 таъсис ёфта буд. Худи ҳамон сол саҳмияҳои корхонаи оянда нашр шуда, арзиши як саҳмия он замон 3 ҳазор рубли тоҷикиро ташкил медод.

Маблағи аз фурӯши саҳмияҳо дар суратҳисоби махсус дар “Амонатбонк” гузошта шуда буд ва баъдан барои лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия,  сохтмони “НБО Сангтӯда-1” равона шуда буд.

Он замон ба соҳибони саҳмияҳо ваъда дода буданд, ки баъди ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба онҳо аз саҳмияҳояшон фоида пардохт карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0