Ҷонибдории Тоҷикистон аз номзадии подшоҳи Арабистони Саудӣ: мудири ИСЕСКО шавад

© AP / Hadi MizbanГород Медина в Саудовской Аравии, архивное фото
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нишасти ғайринавбатии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ масъалаи номзадии подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Салим Алмолик ба мудирияти кулли ИСЕСКО баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзи 9 май дар шаҳри иқтисодии ба номи Малик Абдуллоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сеюмин нишасти ғайринавбатии ИСЕСКО баргузор шуд.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин нишаст ҷиҳати интихоб намудани Мудири кулли созмони мазкур доир гардид.

Тоҷикистонро дар он сафири кишвар дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ намояндагӣ кардааст.

"Намояндаи Тоҷикистон номзади Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Салим Алмоликро барои интихоб гардиданаш ба мансаби Мудири кулли ИСЕСКО табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати татбиқи нақшаҳои ояндааш муваффақият таманно намуд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки сафири Тоҷикистон доир ба нақши калидии созмони мазкур дар ҳифзи арзишҳои исломӣ, тамаддун ва фарҳанги кишварҳои узви ИСЕСКО ҳамчунин оид ба тақвияти ҳамкории фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон бо ИСЕСКО изҳори назар намудааст.

Лентаи хабарҳо
0