ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз аз рабудани автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” ва бо роҳи фиреб аз худ кардани “Лексус ЮС-350” хабар додааст.
Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи марти соли 2019 марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус ЮС-350”-ро ба маблағи 130 000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 2-юми апрели соли 2019, марди 48-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 14 000 доллари ИМА ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус 570”-ро, ки арзишаш 35 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Дар натиҷа ба номбурда, ҷамъ ба маблағи 49 000 доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми майи соли 2019, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи “ДЭУ-Сиело”-ро, ки арзишаш 10 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, ҳай карда бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёва, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаҳои боло тафтишот идома дорад.