Расонаҳо: корманди дурӯғгӯи гумрук барканор шуд

Обуна шудан
Сужаи ин гуфтугӯ нахуст дар шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” пахш ва баъд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн шуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Шаҳбоз Раҷабзода, раиси поёнаи гумрукии “Душанбе-1” баъди кашфи дурӯғгӯиаш аз кор барканор шуд, гузориш додааст ТоҷикТА.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 май ҳангоми мулоқот бо кормандони бахши молиётӣ дурӯғгӯии Шаҳбоз Раҷабзодаро кашф кард.
Сужаи ин гуфтугӯ нахуст дар шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” пахш ва баъд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн шуд.

Сотрудник таможенной службы Шахбоза Раджабзода отчитывается перед Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ?!: Раҳмон гумрукчии дурӯғгӯйро шарманда кард- Видео

Раҳмон раиси поёнаи гумрукиро ба назди микрофон даъват кард ва дар бораи аҳволу дороиаш, аз ҷумла, шумори худрав ва манзилҳои ӯро пурсид. Раисҷумҳур баъди посухи Раҷабзода дурӯғҳои ӯро кашф кард ва гуфт, “Ҳақиқатро бигӯ! Ман иттилоъ дорам”.

Ба гуфтаи Раҳмон, Раҷабзода барои таҳсили бад ва беитоъатӣ аз донишгоҳ хориҷ шуда буд.

Раисҷумҳур ба ӯ фармойиш дод, ки бо ихтиёрихуд аз мақом барканор шавад ва пулҳои дар хориҷа масраф кардаашро бозгардонад.

Лентаи хабарҳо
0