Дар Самарқанд карусел бо суръати баланд духтари ҷавонро ҳаво дод-навори даҳшатовар

© © Sputnik / Табылды Кадырбеков Карусель, архивное фото
Карусель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари ҷавон аз карусел афтида ба панҷара бархӯрду тоб хӯрда ба замин зад. Дарҳол ба наздаш мардум ба кумак давиданд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар боғи истироҳатии Самарқанд, духтари ҷавон бо суръати баланд аз карусел сарозер шуд. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба Repost.uz хабар медиҳад.

Яке аз шоҳидони ҳол ин ҳодисаро ба навор гирифт.

Аз навор дида мешавад, ки духтари ҷавон аз карусел афтида ба панҷара бармехӯрад ва тоб хӯрда ба замин мезанад. Дарҳол ба наздаш мардум ба кумак давида ӯро аз замин мехезонанд.

Дар навор дида мешавад, ки духтар гиря мекунад, вале карусел ба тобхӯрӣ идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш дар Узбакистон барои истифодаи нодурусти карусел ҷарима роҳандозӣ шуд.

Ҳалокати кӯдаки 11 сола ҳангоми саворӣ дар карусел

Пештар чунин ҳодиса дар яке аз боғҳои истироҳатии Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст. Он замон дар паи канда шудани занҷираи карусел 10 кас захмӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0