ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзҳои 14-15-уми майи соли равон шаҳри Душанбе мизбони нишасти дувуми Гуруҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират, мегардад, иттилоъ додааст Созмони байналмилалии муҳоҷират.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Узбакистон, ҳамчунин, коршиносони СММ иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули назар хоҳанд кард.
Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як пойгоҳи минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд.
“Нишасти имрӯз дувумин чорабинии ин ибтикор дар се моҳи ахир аст, ки зери Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад”,- қайд намудааст манбаъ.
Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд.