Дар 1 ҳафта 4343 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракати роҳ ба қайд гирифта шудааст

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ аз ҷумла дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт дар моҳи шарифи рамазон ошкор шудааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4343 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
 Бобохонову Сабзаев ҳам дар ҳолати мастӣ мошин мерондаанд

Манбаъ афзудааст, ки дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4343 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро рабуду дар роҳ чапа кард: зарар 10 ҳазор сомонӣ
Аз ҷумла:

-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 1 адад;

-Бе рақами қайди давлатӣ – 12 адад;

-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 134 адад;

-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 147 адад;

-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 30 адад;

-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 16 адад;

-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 9 адад;

-Худсарона баромадан аз хати сайр – 67 адад;

-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –114 адад;

-Вазъияти хавфнок – 11 адад;

-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 259 адад;

-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 875 адад;

-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;

-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1798 адад;

Лентаи хабарҳо
0