Қонуншиканӣ кам мешавад? пас аз шикояти мардуми Хоруғ БДА чароғакҳоро нав кард

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз намоиши мустақими телевизионӣ ки санаи 1-уми май бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст, сокинони шаҳри Хоруғ, ҷиҳати барқарор намудани гузаргоҳҳои пиёдагард ба масъулини БДА суолҳои бешумор ироа кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik.  Бо ибтикори Ситоди байни идоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ чароғакҳои нав насб гардида аломатҳои роҳ рангу бор шуданд, дар ин бора равобити умумии ВКД хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, пас аз шикоти мардум, сардори Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят, Аламшозода Абдураҳмон Аламшо баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта ва дар муҳлати кӯтоҳтарин иваз кардани чароғакҳои раҳнамоии хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур дастур додааст.

Дар ин росто, БДА ба васлу насби чарғакҳои раҳнамои аз кор монда, рангу бор кардани гузаргоҳҳои пиёдагард, аломатҳои ишоратӣ ва хатҳои уфуқӣ машғул шуданд.

Кормандони соҳа дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ба таври шабонарӯзӣ ва барқарор кардани аломатҳои роҳ ва кашидани хатҳои уфуқӣ камари ҳиммат бастанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ 21 хати уфуқии пиёдагузар аз нав барқарор гардида, 15 аломати дигари роҳ низ аз нав гузошта шудааст. 

Пештар хабар дода шуд, ки БАТР барои рушди Хоруғ 8 миллион доллар ҷудо кард.

Лентаи хабарҳо
0