iPhone ва 230 ҳазор рубли ронандаи тоҷикро дар Петербург рабуданд

© Sputnik / Вадим Жернов / Гузариш ба медиабонкСлужебные машины полиции. Архивное фото
Служебные машины полиции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо таҳдиди кордзанӣ ҷинояткорон iPhone ва маблағи ронандаи тоҷикро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб заданд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ду дузди номаълум маблағ ва iPhone-и роандаи тоҷикро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД-и минтақавӣ.

Ба гуфти ронандаи тоҷик, дуздон бо корд ба ӯ таҳдди кардаанд ва маблағи гирифтаашон-230 ҳазор рубли русӣ аз они соҳибкори дигар будааст.

Кормандони мақомоти қудратӣ дар паи тафтишот сабти камераҳои назоратиро аз назар мегузаронанд. Интизор меравад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шавад.

Последствия пожара на рынке «Панджшанбе» - Sputnik Тоҷикистон
Ғоратгарӣ дар бозори "Панҷшанбе"

Пештар се муҳоҷири тоҷик як марди амрикоиро дар Петербург ғорат карда буданд.

Ҳодиса рӯзи 10-уми январ дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи марказӣ ба вуқуъ пайваста буд.

Ба маълумоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шабона муҳоҷирони тоҷик амрикоиро аввал таҳдид намуда, баъдан телефони мобилиашро гирифтаанд.

Дар ин ҳол ба ғоратгарон муяссар нашудааст, ки аз ҷои ҳодиса дур гурезанд ва пулис онҳоро дар назди бинои №56 хиёбони Литейний боздошт намудааст.

Тасдиқ шудааст, ки ғоратгарон шаҳрвандони 21,22 ва 23-солаи Тоҷикистон будаанд. Маълум шудааст, ки муҳоҷирон кор намекардаанд ва пештар ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Пулис аз ғоратгарон телефонро бозпас гирифтааст. Ҳоло нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0